Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд

Август 17, 2023 13:10

ДУШАНБЕ, 17.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 август дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб, ки ба 18 август рост меояд, ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иброз дошт, ки «маҳз бо иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат сол ба сол маблағгузории соҳаи тандурустӣ афзуда, садҳо иншооти нави тиббӣ ба истифода дода шудаанд. Ҳамзамон муассисаҳои мавҷудаи тиббӣ таъмиру навсозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба таъмин шудаанд.

Ҳифзи саломатӣ ва таъмини тандурустии аҳли ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар солҳои 2020-2025 маҳсуб шуда, пешрафту беҳдошти ин соҳаи муҳим мавриди таваҷҷуҳ ва эътибори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.

Гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар заминаи таъмин намудани сиёсати давлат бо дарназардошти он ки маҳз солимии миллат пояндагии онро таъмин намуда метавонад, барномаи худро тартиб дода, таъмини дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббиро маҳз бо роҳи мукаммалсозии низоми идоракунии соҳаи тандурустӣ имконпазир шуморид. Бо ин мақсад ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва таъмини мутахассисони соҳибкасби соҳа амалӣ мегардад.

Дар фарҷоми ҳамоиш фаъолон бо Сипосномаю туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои беморхона, инчунин бо нишони сарисинагии Аълочии тандурустии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

АКС: КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

 

Август 17, 2023 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд