Бар асари суқути ҳавопаймо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 18.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари суқути ҳавопаймои Beechcraft 390 дар шоҳроҳи Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус полиси Малайзия хабар додааст.
Ин ҳодиса дар иёлати ғарбии Селангори наздикии шаҳри Шоҳ-Алам рух додааст. Ҳавопаймо ба роҳи мошингард афтода, сипас ба мошин ва мототсикл бархӯрдааст. Пас аз бархӯрдан сӯхтори шадид ба амал омада, дар натиҷаи ин ҳодиса ду халабон, шаш мусофир, инчунин ронандагони мошин ва мототсикл ба ҳалокат расиданд.
Маълум гардид, ки ҳавопаймои Beechcraft 390 аз ҷазираи осоишгоҳии Лангкави ба фурудгоҳи Субанг, ки тақрибан даҳ километр дуртар аз ҷои садама ҷойгир аст, парвози маҳаллӣ анҷом додааст. Дар ҷои ҳодиса хадамоти фаврӣ ва полис фаъолият доранд. Тафтиши ҳодиса оғоз шудааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






