Бар асари таркиш дар фабрикаи пиротехникии Ҳиндустон 7 нафар ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 28.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари таркиш дар корхонаи пиротехникӣ дар ноҳияи Даттапукар, воқеъ дар иёлати Бенгали Ғарбии Ҳиндустон ҳафт нафар ҳалок ва чанд каси дигар захмӣ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба агентии Anadolu хабар додааст.
Ин ҳодиса дар бинои дуошёнаи ноҳияи Нилгунҷи Дуттапукар рух додааст. Сокинони маҳаллӣ тасдиқ намуданд, ки корхонаи ғайриқонунии пиротехникӣ дар манзили истиқоматӣ ҷойгир будааст. Вазири озуқавории вилоят ва вакили ин ноҳия Ратхин Гҳош иттилоъ дод, ки тибқи маълумоти полис, ҳафт ё ҳашт нафар ҳалок ва тақрибан шаш нафар захмӣ шудаанд.
Шиддати таркиш он қадар бузург буд, ки ба якчанд бинои минтақа зарар расонидааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






