Беҳрӯз ва Темур аз мусобиқаи Hungary Masters 2023 бо медалҳои нуқра ба Ватан баргаштанд
ДУШАНБЕ, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 8 ба 9 август паҳлавонони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100 кг ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг бо медалҳои нуқраи мусобиқаи Hungary Masters 2023 аз шаҳри Будапешт ба шаҳри Душанбе баргаштанд. Беҳрӯз ва Темурро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе наздикону пайвандон, дӯстон ва намояндагони соҳаи варзиши мамлакат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Дар ин бора шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи Hungary Masters 2023 оид ба гӯштини ҷудо аз 4 то 6 август дар шаҳри Будапешти Маҷористон бо иштироки 420 варзишгар (217 мард, 203 зан) аз 59 кишвар доир шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур Эмомалии Нуралӣ ва Обид Ҷебов, ҳар ду дар вазни то 66 кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг муаррифӣ намуданд. Аз байни онҳо Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов соҳиби медали нуқраи мусобиқа гардиданд.
Қобили тазаккур аст, ки мусобиқаи Hungary Masters-2023 дар доираи мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор гардид. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо ҷоизапулии арзишманд қадрдонӣ мегарданд. Маблағи умумии ҷоизаҳои молӣ 200 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Дар рақобатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 6000 евро, ба барандагони медали нуқра 4000 евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 2000 евро такдим мешавад.
Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ соҳиби имтиёз хоҳанд шуд. Аз ҷумла, ғолибон 1800 имтиёз, барандагони ҷойи дуюм 1260 ва ҷойи сеюм 900 имтиёз гирифтанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад






