БЕҲТАРИН СУБЪЕКТҲОИ ХИЗМАТРАСОНИ САЙЁҲӢ. Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон менамояд

Август 20, 2023 11:44

ДУШАНБЕ, 20.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, роҳбаладон, ҷалб намудани коршиносони мустақил ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарғибу ташвиқи васеи имконоти сайёҳӣ дар сомонаҳои мустақил, густариш бахшидани хизматрасонӣ  дар соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ озмун эълон менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

Озмуни  мазкур аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ», «Беҳтарин меҳмонхона», «Беҳтарин тарабхона», «Сомонаи беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ» ва  «Беҳтарин роҳбалад» гузаронида мешавад.

Дар озмун 3 ҷой дар ҳар номинатсия (ҷои якум-1 нафар, ҷои дуюм -1 нафар ва ҷои сеюм -1 нафар) муайян шуда, ғолибон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо диплом ва маблағи пулӣ сарфароз мегарданд.

Инчунин нафароне, ки дар озмун фаъолона иштирок варзида, дар ташкили он саҳм мегузоранд, бо сипоснома қадрдонӣ мешаванд.

Талабот ва шартҳои иштирок дар озмунро тариқи https://cloud.mail.ru/public/Ksn8/ivoLAjbsb дарёфтан мумкин аст.

Хоҳишмандон барои иштирок дар озмун ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Академик  Раҷабовҳо 3 ё тариқи телефонҳои (+992 37) 227 87 03 муроҷиат намоянд.

Муҳлати охири ҳуҷҷатсупорӣ  15 сентябри соли 2023.

 АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 20, 2023 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд