Чӣ тавр метавон суръати интернети мобилиро баланд бардошт?
ДУШАНБЕ, 07.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Суръати дастрасии мобилӣ ба се омили асосӣ вобаста мебошад: сатҳи инкишофи шабакаи оператори алоқа, теъдоди истифодабарандагоне, ки аз рӯи пойгоҳи наздиктарини базавӣ мавриди хизматрасонӣ қарор гирифтаанд ва хусусияти техникии смартфон. Бале, дар бисёри мавридҳо гап дар худи смартфон аст. Масалан, агар дар он технологияи 4G/LTE фаъол набошад, муштарӣ барои истифодаи суръатҳои баланди насли чорум имкон нахоҳад дошт. Бо вуҷуди ин, баъзан баландбардории суръати интернет танҳо бо тағйирдиҳии танзимоти телефон имконпазир аст.
Имконияти смартфонро бисанҷед
Аввалан, бисанҷед, ки имконияти гаҷети Шумо чӣ гуна аст. Дар танзимот қисми «Мобильные сети»-ро бубинед. Оё дар банди «Режим сети» LTE дида мешавад? Агар бошад, пас суръати насли чорум бароятон дастрас аст. Ба ғайр аз ин, ҳоло дар марҳилаи хариди смартфон тавсия медиҳем, ки ба хусусияти телефон, махсусан ба басомадҳои дастрас аҳамият диҳед.
Беҳтар аст агар истеҳсолкунанда имконияти фаъолияти дастгоҳро дар басомадҳои гуногун таъмин намояд – онҳоро одатан бо калимаи англисии «bands» ифода мекунанд. Як намуди «бэндҳо» минтақаи васеи фарогирӣ, лекин суръати начандон баланди таҳвили маълумотро таъмин менамоянд. Дар ин ҳолат интернет чандон босуръат нест, лекин ҳатто дар фосилаи бузург аз пойгоҳи базавӣ дастрас мебошад. «Бэндҳо»-и дигар суръатҳои баландро таъмин намуда, дар баробари ин ҳудуди камтарро фаро мегиранд. Ба қавли дигар, агар хоҳед, ки интернет дар ҳама маконҳо якнавохт «парвоз намояд», дар ин ҳолат якчанд «бэнд» зарур меояд. Маҳз барои ҳамин пеш аз харидан хусусияти техникии смартфонро бодиққат омӯзед. Намуди «босуръат» дорои чор «бэнд» – 3, 7, 20 ва 40 хоҳад буд.
Ҳамааш ба назар гирифта шудааст, лекин суръати интернет ба имконияти смартфон мувофиқат намекунад? Набошад, ба танзимот мегузарем!
Кэш ва маълумотро тоза кунед
Фаъолияти интернетро инчунин файлҳо ва маълумоти муваққатӣ суст намуда метавонанд. Гоҳ-гоҳ замимаҳои истифоданамекардаи худро барои холикунии ҷой дар дастгоҳ «тоза кунед».
Навшавиҳои автоматиро қатъ намоед
Навшавиҳои замимаҳо ва системаи амалиётӣ қисми трафикро мегиранд, бо ҳамин сабаб суръати таҳвили маълумот низ метавонад паст шавад. Замимаҳо ва СО-ро ба таври дастӣ, вақте дар макони интернети босуръат қарор доред, нав кунед.
Замимаҳоро барои идоракунии трафик истифода баред
Замимаҳои махсуси мобилӣ – масалан, MyDataManager – имкон медиҳанд, ки суръати дастрасӣ баланд бардошта шуда, трафик сарфа шавад. Чунин замимаҳои мобилӣ баҳри таъмини фаъолияти зуд ва устувори замимаҳои зарурӣ истифодаи интернетро барои баъзе замимаҳои дигар маҳдуд месозанд.
Ҷустуҷӯи автоматии Wi-Fi-ро қатъ намоед
Ба навшавии автоматии таъминоти барномавӣ (ТБ) монандӣ дорад: агар телефон худ доим дар «ҷустуҷӯи» нуқтаҳои Wi-Fi бошад, ин ба маҳсулнокии он таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин тавсия ҳамон аст – ҷустуҷӯи автоматиро қатъ кунед ва ба Wi-Fi бо реҷаи дастӣ, танҳо вақте ки ин бароятон зарур аст, пайваст шавед.
АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон








Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад






