Дар 40 корхонаи саноатии Кӯшониён 60 намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад

Август 8, 2023 13:18

ДУШАНБЕ, 08.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо  дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон 40 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия иттилоъ доданд.

Иброз гардид, ки имрӯз дар ноҳия ҳудуди 60 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол  мешаванд. Дар 6 моҳи соли 2023  1555 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд, ки 54,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба буҷетӣ маҳаллӣ 32 миллиону 580 ҳазору 104 сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 515 ҳазору 113 сомонӣ зиёд буда, 101,6 фоизи нақшаи муайяншударо ташкил менамояд. Он дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар айни замон дар ноҳия 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 158,4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон дар мавриди омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 252 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 июли соли 2023 57 адади он мавриди истифода қарор дода шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Август 8, 2023 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд