Дар Ашт бахшида ба иди касбии кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир шуд

Август 16, 2023 17:45

 ДУШАНБЕ, 16.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 18 август дар Тоҷикистон чун рӯзи мавлуди Абӯалӣ ибни Сино ва Рӯзи  кормандони соҳаи тиб эътироф гардидааст. Дар ноҳияи Ашт бахшида ба иди касбии табибон бо иштироки роҳбарият  ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамоиш доир шуд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб бо мавлуди алломаи бузург Абӯалӣ ибни Сино алоқамандӣ дорад. Умед аст, ки шогирдони ин нобиға ҳамарӯза ба хизмати халқ омода буда, баҳри беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ ва беҳдошти ҳифзи саломатии аҳолӣ боз ҳам саъю кӯшиши бештар менамоянд. Пайваста қабул ва амалӣ шудани барномаву стратегияҳо ва санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ аз таваҷҷуҳи ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Бояд гуфт, ки сиёсати иҷтимоӣ, махсусан соҳаи тиб ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои  миллат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои табибон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Баъдан ба кормандони соҳаи тиб, ки фаъолияти назаррас доранд, аз тарафи Раиси ноҳия дар фазои тантанавӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим  шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт

Август 16, 2023 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд