Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва барномаи фарҳангии шаҳри Истиқлол баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.08.2023 /АМИТ «ХОВАР»/. Шоми дирӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон»-и пойтахт намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангиву фароғатии шаҳри Истиқлол баргузор гардид, — иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Масъулони ин шаҳр бо шукргузорӣ аз файзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастовардҳои тоза ба пойтахт омада, бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ табъи сокинони пойтахтро болида гардониданд. Барномаи рангини фароғатие, ки шуъбаи фарҳанги шаҳр омода намуда буд, мавзеъи истироҳатиро бо мавҷи шодмониву сурур пурра намуд.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар сатҳи худшиносии манотиқи гуногуни Ватани азизамон аз аҳамият холӣ набуда, робитаҳоро боз ҳам тақвият мебахшад. Масъулин ва баргузоркунандагони намоиш аз фазои ороми пойтахт, насими атромези ҳавои шомгоҳии шаҳри Душанбе бо таассуроту хотираҳои нек ба зодгоҳи хеш баргаштанд.
Қадршиносии роҳбарияти шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Синои пойтахт ба заҳмату талошҳои ҳамдигар дар амри таҳкиму пойдории Истиқлолияти давлатӣ ҷонибҳоро ба фардои нек боз ҳам дилгарму руҳбаланд менамояд.
Нарзулло АЛИЗОДА,
Тоҳири САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»





















Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






