Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва барномаи фарҳангии шаҳри Истиқлол баргузор гардид

Август 13, 2023 10:00

ДУШАНБЕ, 13.08.2023 /АМИТ «ХОВАР»/. Шоми дирӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон»-и пойтахт  намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангиву фароғатии шаҳри Истиқлол  баргузор гардид, —  иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Масъулони ин шаҳр бо шукргузорӣ аз файзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастовардҳои тоза ба пойтахт омада, бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ табъи сокинони пойтахтро болида гардониданд. Барномаи рангини фароғатие, ки шуъбаи фарҳанги шаҳр омода намуда буд, мавзеъи истироҳатиро бо мавҷи шодмониву сурур пурра намуд.

 

Баргузории чунин чорабиниҳо дар сатҳи худшиносии манотиқи гуногуни Ватани азизамон аз аҳамият холӣ набуда, робитаҳоро боз ҳам тақвият мебахшад. Масъулин ва баргузоркунандагони намоиш аз фазои ороми пойтахт, насими атромези ҳавои шомгоҳии шаҳри Душанбе бо таассуроту хотираҳои нек ба зодгоҳи хеш баргаштанд.

Қадршиносии роҳбарияти шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Синои пойтахт ба заҳмату талошҳои ҳамдигар дар амри таҳкиму пойдории Истиқлолияти давлатӣ ҷонибҳоро ба фардои нек боз ҳам дилгарму руҳбаланд менамояд.

 

Нарзулло АЛИЗОДА,
Тоҳири САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»

 

Август 13, 2023 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд