Дар деҳаи Хонақоҳи шаҳри Ҳисор беморхонаи замонавӣ ба истифода дода шуд

Август 18, 2023 17:09

ДУШАНБЕ, 18.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи  тандурустӣ дар  деҳаи  Хонақоҳи Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор беморхонаи деҳот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки беморхонаи нав бо ташаббуси аҳолӣ, соҳибкорон ва дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кумаки Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон»-и назди Вазорати молияи  ҷумҳурӣ бунёд ёфтааст.

Беморхона аз шуъбаҳо барои бемориҳои кӯдакона, дарунӣ ва таваллудхона бо 30 кати хоб иборат буда, дар он барои бо ҷойи кор таъмин гардидани 25 нафар табибону ҳамшираҳои шафқат ва кормандони техникӣ шароити хуб муҳайё гардидааст.

Раиси  шаҳри Ҳисор ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ҳуҷраҳо барои беморон ва утоқҳои кории табибону кормандони муассиса шинос шуда, ба сифати сохтмон баҳои баланд доданд.

Сипас, дар саҳни муассиса бо иштироки табибони муассисаҳои тандурустии шаҳр, инчунин сокинони деҳа ва деҳаҳои атрофи он бахшида ба иди касбии табибон ва ифтитоҳи беморхонаи нав ҳамоиши тантанавии пуршукуҳ доир гардид.

Гуфта шуд, ки табибони шаҳри Ҳисор барои  таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешбурди соҳа ва беҳдошти сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, дар амал татбиқ намудани «Ҳадафҳои Рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ», Стратегияву барномаҳои миллии давлатӣ дар самти тандурустӣ, солимии аҳолӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири муоинаву муолиҷаро амалӣ намуда, дар ин муддат ба муваффақияти назаррас ноил гардидаанд.

Бо ёдоварӣ аз таърихи соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор иброз гардид, ки тибқи махзанҳо, аввалин нуқтаҳои тиббӣ дар шаҳри Ҳисор ибтидои солҳои сиюми асри гузашта дар атрофи Қалъаи Ҳисор ва рустои Чаманистони деҳоти Сомон кушода шудаанд. Дар он замон табибону ҳамшираҳои шафқат аз ҳисоби гарнизонҳои ҳарбии аскарони сурх ба аҳолии Ҳисор хизмат мерасониданд.

Соли 1960 дар Ҳисор бинои Беморхонаи марказӣ, диспансери бемориҳои пӯст ва чандин касалхонаю амбулаторияҳои деҳотӣ таъсис ёфтанд. Аз ҷумла, соли 1967 дар деҳаи хушбоду ҳавои Хонақоҳ бо ташаббуси зодагони дараи Алмосӣ, аз ҷумла раиси ҳамонвақтаи ҷамоати Хонақоҳи Кӯҳӣ Икромиддин Ҳаитов, духтури ҷарроҳ, номзади илми тиб Мирзомуҳиддин Мирзоғуломов  беморхона ба истифода дода шуд. Дар ибтидо чун мутахассисони маҳаллӣ кам буданд, духтурон аз миллатҳои русу украин, осетину арман, бошқирду тоторҳо ва узбеку қазоқ ба кор ҷалб гардида, солҳои дароз ба мардуми минтақа содиқона хизмат намуданд. Тавре шоҳидони вақт мегӯянд, ин духтурон он солҳо аз маркази ноҳия то деҳаи Қипчоқ (ҳоло Меҳргон) бо мошин ва аз собиқ Қипчоқ то ин мавзеъ, яъне деҳаи Хонақоҳ, ки қариб 10 км мебошад, пойи пиёда омада, шабона навбатдорӣ менамуданд. Рӯзона ба деҳаҳои кӯҳистонии атроф рафта, худашон беморонро ҷуста, ёрии тиббӣ мерасониданд ва кӯдаконро бар зидди бемориҳои сироятӣ эм мегузарониданд.

Дар фарҷом дар фазои тантанавӣ ба ду соҳибкори ватандӯст — Абдуқаҳор Холов ва Ёқубҷон Неъматуллозода нишони ифтихории сарисинагии «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба як зумра табибон барои содиқона иҷро намудани рисолати касбӣ, инчунин ба соҳибкорону шахсони ҳимматбаланди деҳаи Хонақоҳ Сипосномаи Раиси шаҳри Ҳисор ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим гардид.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

 

Август 18, 2023 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Дар Суғд яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба анҷом расонида шуд
Пешвои миллат: «Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншоот бунёд ва навсозӣ гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 649 иншооти гуногун ба истифода дода шуд