Дар Душанбе роҳҳои мусоидат барои маблағгузории ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон муҳокима шуд
ДУШАНБЕ, 19.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 август вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Мудири минтақавии Дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои рушд (UNDCO) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Гви-Еоп Сон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯри таъкид гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар давоми 5 соли охир новобаста ба таъсири омилҳои беруна дар натиҷаи амалӣ намудани ислоҳоти иктисодӣ, барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои зиддибуҳронӣ дар самти татбиқи ҲРУ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Аз ҷумла дар ин давра рушди миёнасолонаи иқтисодӣ дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, даромадҳои пулии аҳолӣ 2,1 маротиба, музди меҳнат 1,5 маротиба ва нафақа 1,3 маротиба афзоиш ёфтанд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкориҳои дутарафаро ҷиҳати мусоидат барои маблағгузории ҳадафҳои стратегии мамлакат, татбиқи пурра ва босифати Чаҳорчуби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023 -2026, пешниҳоди кумаки молиявию техникӣ ҷиҳати тақвият бахшидани низоми миллии мониторинг ва арзёбии раванди татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, таҳия ва муаррифии шоистаи Шарҳи ихтиёрии маҳаллиро муҳокима намуданд.
Инчунин ҷонибҳо корҳои омодагиро ҷиҳати баргузор намудани ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Хонум Гви-Еоп Сон дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуда, омодагии Созмони Милали Муттаҳид ва оҷонсиҳои онро барои мусоидат намудан дар амалӣ гардонидани ҳадафу афзалиятҳои рушди мамлакат ва баргузории чорабиниҳои гуфташуда, баён намуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд






