Дар Душанбе татбиқи 3 лоиҳа дар соҳаи нақлиёт, таъсиси марказҳои гармидиҳӣ ва хизматрасонӣ баррасӣ шуд

Август 29, 2023 18:12

ДУШАНБЕ, 29.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи чордаҳуми Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки дар  Душанбе  таҳти  роҳбарии  муовини  Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода доир гардид, татбиқи  3 лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаҳои нақлиёт, таъсиси маркази гармидиҳӣ ва маркази хизматрасонии маишию иҷтимоӣ баррасӣ гардид. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  иштирокдорони  ҷаласа вобаста ба амалишавии онҳо қарорҳои марбута қабул намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаҳои мазкур бо ҷалби маблағгузории шарикони хусусӣ амалӣ мешаванд.

Дар ҷаласа роҳбарони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ, меъморӣ ва сохтмон, Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Душанбе ва Истаравшан иштирок доштанд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 29, 2023 18:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд