Дар Мурғоб Парчами давлатӣ бо баландии 35 метр парафшон гардид
ДУШАНБЕ, 18.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Мурғоб майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
АМИТ «Ховар» ба истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки сохтмони майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб соли 2020 оғоз ёфта, корҳои лоиҳакаширо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди /ҶДММ/ «Маъруфшаҳрсоз» ва корҳои сохтмониро ҶДММ «Бадахшонроҳ Интернейшенел» бо сифати баланд ба анҷом расониданд.
Майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, идҳои миллӣ, дигар тантанаҳои ҷашнӣ қарор гирифта, иштирокчиёни ин маъракаҳои сиёсиву ҷамъиятиро ба пос доштани муқаддасоти миллӣ, ҳимояи Ватан, ҳифзи табиати мамлакат, равнақи дӯстии тоҷикону қирғизҳо ва меҳнати софдилона барои рушду ободии ин сарзамин ҳидоят менамояд.
Масоҳати умумии майдони Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Баландии пояи Парчам 35 метр, андозаи он 12 метр ба 6 метр, баландии пояи нишон 22 метр ва андозаи доирааш 1,8 метр ба 1,8 метрро ташкил медиҳад. Ҳамзамон саҳни майдони мазкур дар масоҳати 1600 м2 бо тахтасангҳо ва 380 м2 бо сангҳои ороишии гранит ва мармар рӯйпӯш шуда, 30 чароғаки баландпоя васл шудааст. Инчунин атрофи майдон панҷарабандӣ гардида, дар ҳудудаш 14 курсӣ ва 8 қуттии партовҷамъкунӣ гузошта шудаанд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон













Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






