Дар Мурғоб Парчами давлатӣ бо баландии 35 метр парафшон гардид

Август 18, 2023 15:16

ДУШАНБЕ, 18.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Мурғоб майдони  Парчами давлатӣ  ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

АМИТ «Ховар» ба истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки сохтмони майдони Парчам ва Нишони давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб соли 2020 оғоз ёфта, корҳои лоиҳакаширо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди /ҶДММ/ «Маъруфшаҳрсоз» ва корҳои сохтмониро ҶДММ «Бадахшонроҳ Интернейшенел» бо сифати баланд ба анҷом расониданд.

Майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, идҳои миллӣ, дигар тантанаҳои ҷашнӣ қарор гирифта, иштирокчиёни ин маъракаҳои сиёсиву ҷамъиятиро ба пос доштани муқаддасоти миллӣ, ҳимояи Ватан, ҳифзи табиати мамлакат, равнақи дӯстии тоҷикону қирғизҳо ва меҳнати софдилона барои рушду ободии ин сарзамин ҳидоят менамояд.

Масоҳати умумии майдони Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Баландии пояи Парчам 35 метр, андозаи он 12  метр ба 6 метр, баландии пояи нишон 22 метр ва андозаи доирааш 1,8 метр ба 1,8 метрро ташкил медиҳад. Ҳамзамон саҳни майдони мазкур дар масоҳати 1600 м2 бо тахтасангҳо ва 380 м2 бо сангҳои ороишии гранит ва мармар рӯйпӯш шуда, 30 чароғаки баландпоя васл шудааст. Инчунин атрофи майдон панҷарабандӣ гардида, дар ҳудудаш 14 курсӣ ва 8  қуттии партовҷамъкунӣ гузошта шудаанд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 18, 2023 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд