Дар ноҳияи Синои пойтахт машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаби муосири байналмилалии шаҳри Душанбе машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Сино баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.
Дар оғози машварат иштирокчиён дар саҳни муассисаи таълимӣ бо корҳои эҷодӣ ва дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии ноҳия шинос гардиданд.
Гуфта шуд, ки дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино корҳои эҷодӣ бо намоиши дастовардҳо гузаронида шуданд. Кормандони маорифи ноҳия кӯшиш доранд, ки соли таҳсили навро бо омодагии ҳамаҷониба ва шароити мусоид пешвоз гиранд.
Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли равон ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, муассисаҳо ба қабули хонандагон ва кӯдакон пурра омода мебошанд.
Машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Сино ба истиқболи Рӯзи дониш гузаронида шуда, дар он ҷиҳати руҳбаланд намудани маорифчиёни ноҳия меҳмонон, собиқадорону омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, ҳамкории судманд бо шуъбаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино








«МАКТАБИ ПЕШСАФ — МАКТАБИ ШАРИК». Дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон таҳти чунин унвон низоми нав амалӣ карда мешавад
Осори Робиаи Балхӣ ба 10 забони хориҷӣ тарҷума карда шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ТОҶИКИСТОН. Таҳти чунин унвон конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
САНАИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии муҳандисӣ-кайҳонӣ сазовори ҷойи дуюм шуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Барои рушди ин соҳа дар Бадахшон зиёда аз 422 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф давоми 25 соли охир 224 баробар зиёд гардид
Дар Сеул оид ба сиёсати рушди сармояи инсонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ форуми байналмилалӣ доир гардид
Байни Вазорати маориф ва илм ва Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро ба донишгоҳҳои Узбекистон оғоз намуд






