Дар ноҳияи Синои пойтахт машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид

Август 25, 2023 16:32

ДУШАНБЕ, 25.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаби муосири байналмилалии шаҳри Душанбе  машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Сино  баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.

Дар оғози машварат иштирокчиён дар саҳни муассисаи таълимӣ бо корҳои эҷодӣ ва дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии ноҳия шинос  гардиданд.

Гуфта шуд, ки дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино корҳои эҷодӣ бо намоиши дастовардҳо гузаронида шуданд. Кормандони маорифи ноҳия кӯшиш доранд, ки соли таҳсили навро бо омодагии ҳамаҷониба ва шароити мусоид пешвоз гиранд.

Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли равон ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, муассисаҳо ба қабули хонандагон ва кӯдакон пурра омода мебошанд.

Машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Сино ба истиқболи Рӯзи дониш гузаронида шуда, дар он ҷиҳати руҳбаланд намудани маорифчиёни ноҳия меҳмонон, собиқадорону омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, ҳамкории судманд бо шуъбаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино

Август 25, 2023 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд