Дар шаҳри Гулистон машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистон машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид. Дар он кормандони соҳа бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар доданд.
Дар машварат масъалаҳои ҳолати омодабошии муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ба оғози соли таҳсили 2023-2024, натиҷагирии бурду бохти соҳаи маорифи шаҳр дар соли хониши 2022-2023 ва вазифаҳо барои соли хониши 2023-2024 баррасӣ гардиданд.
Тазаккур дода шуд, ки ҳамасола қабл аз оғози соли нави хониш ҷиҳати натиҷагирӣ аз дастоварду муваффақият ва бурду бохти соҳаи маориф машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор мегардад.
Масъалаи рушди соҳаи маориф зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади баланд бардоштани нишондиҳандаҳои соҳа ҳамасола иқдоми судманд рӯи кор омада истодаанд.
Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф намуда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».
Дар идомаи машварат иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои муҳими соҳа маъруза намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






