Дар шаҳри Хуҷанд бо ҳайати маъмурияти шаҳри Сиани Чин мулоқот доир шуд
СУҒД, 19.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳайати маъмурияти шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот баргузор шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Дар мулоқот иброз гардид, ки шаҳри Хуҷанд яке аз марказҳои бузурги саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар шаҳр зиёда аз 245 корхонаи саноатӣ ва 1400 корхонаи хурд фаъолият намуда, зиёда аз 10 ҳазор нафар ба соҳибкорӣ машғул мебошанд. Сол то сол ҳаҷми муомилоти мол бо мамлакатҳои дигар меафзояд. Корхонаҳои шаҳри Хуҷанд ҳамасола бо 45 мамлакати ҷаҳон бо ҳаҷми беш аз 300 млн доллар содирот ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, дар ҳафт моҳи соли раовн ҳаҷми муомилоти мол бо Ҷумҳурии Мардумии Чин беш аз 22 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.
Муовини мудири хадамоти равобити хориҷии шаҳри Сиан таъкид дошт, ки шаҳри Сиан чун Хуҷанд таърихи беш аз 3000-сола дорад. Саноат дар самти мошинсозӣ, хӯрокворӣ, истихроҷи нафту газ, электротехника ва ғайраҳо рушд намудааст. Дар шаҳр 83 донишгоҳ бо 130 ҳазор донишҷўй фаъолият дорад. Соҳаи сайёҳӣ низ рушд намуда, танҳо давоми 7 моҳи соли равон ин шаҳрро беш аз 1,7 миллиард сайёҳони дохилию хориҷӣ тамошо намудаанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯ намуданд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд










Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






