Дар тӯли ду сол дар Афғонистон 38 корманди СММ ҳалок шудаанд

Август 22, 2023 16:45

ДУШАНБЕ, 22.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар тӯли ду соли охир, аз моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон 38 корманди Дафтари ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстонаи СММ (ДҲМБ-OCHA ) ҳалок шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус ба шабакаи телевизионии TOLO news  ҳамоҳангсози ДҲМБ оид ба масоили башардӯстона дар Афғонистон Даниел Питер Эндрес хабар додааст.

Бо вуҷуди набудани маблағгузорӣ барои кумаки башардӯстона дар Афғонистон, соли гузашта кормандони СММ ба зиёда аз 26 миллион аҳолии 401 ноҳияи Афғонистон кумаки башардӯстона расониданд.

Моҳи феврали соли 2022 дар натиҷаи ҳамлаҳои инфиродӣ аз ҷониби мардони номаълум дар вилоятҳои шимолии Қундуз ва Таҳор 8 корманди соҳаи тиб, аз ҷумла 4 зан ба халокат расиданд.

Тибқи иттилои ТАСС, ҳайати Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон қаблан изҳор намуда буд, ки аз 15 августи соли 2021 то 30 майи соли 2023 дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ ва ҳодисаҳои марбут ба силоҳ 639 сокини мамлакат ҳалок ва 2679 нафар маҷруҳ шуданд.

Соли гузашта дар Афғонистон беш аз 700 кӯдак дар натиҷаи таркишҳо ва минаҳо ҳалок ва захмӣ гардиданд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Август 22, 2023 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд
Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд
Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд
Дар шимоли Фаронса муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд
1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд
Манораи «афтанда» дар Италия аз сабаби хавфи зиёди фурӯравӣ баста шудааст
Шумораи ҳалокшудагон дар кони Костенкои Қазоқистон ба 16 нафар расид
Бар асари тӯфони Отис дар Мексика 27 нафар ҳалок шуд
Бар асари таркиш дар Афғонистон ду нафар ҳалок ва нуҳ нафар захмӣ шуданд