Дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш шуда, чангу ғубор ба амал меояд

Август 3, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 03.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 3-4 август дар ҷумҳурӣ шароити обу ҳаво метавонад ба зиёдшавии нурҳои ултрабунафш (радиатсияи офтобӣ) дар қабати болоии атмосфера мусоидат намояд ва аз соати 12:00 то 15:00 нурҳои ултрабунафш ба нишондиҳандаҳои баландтар хоҳанд расид, ки ба саломатии одамон таъсири манфӣ мерасонанд.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри  бебориш шуда, чангу ғубор ба амал меояд,— иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо шиддати 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 3+8 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа, рӯзона 35+40 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад ва дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24, рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад.

Август 3, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид