МАОРИФ — ПОЯИ ДАВЛАТ. Дар Тоҷикистон сохтмони 312 бинои муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудааст

Август 6, 2023 16:25

ДУШАНБЕ, 06.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 312 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 68 ҳазору 138 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Чунин иттилоъ дод 1 август Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 30 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди 4 муассисаи  таълимӣ барои 8632 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шуд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳдаи Вазорати маориф ва илми мамлакат сохтмони 16 иншоот гузошта шудааст.

«То ин давра аз ин шумора дар 5 иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар 10 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома дошта, лоиҳакашии 1 иншоот соли равон ба нақша гирифта шудааст», -гуфт Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 6, 2023 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд