Ду агрегати нахустини НБО-и «Роғун» ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ неруи барқ истеҳсол намудаанд
ДУШАНБЕ, 10.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» иттилоъ доданд, ки аз оғози фаъолияти ду агрегати аввалини неругоҳ, ки бо фишори пасти обанбори тозабунёд фаъолият менамоянд, то имрӯз аллакай зиёда аз 6,4 миллиард киловатт – соат неруи барқ ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ истеҳсол ва ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат интиқол дода шудааст.
Истеҳсол гардидани 6,4 миллиард киловатт-соат неруи барқ давоми беш аз 4 сол ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ на танҳо шоистаи ифтихор аст, балки мояи руҳбаландӣ ва авҷи азми ҳар нақбкан, кафшергар, ронанда, муҳандис ва ҳазорон коргарони сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дониста мешавад. Зеро ин сохтмони миллӣ ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосии рушди иқтисоду саноати миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ба давлату миллати тоҷик садсолаҳо хизмат хоҳад намуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба ҳар иншооти сохтмон ворид шуда, бо ҷараёни корҳо шинос шуданд. Аз ҷумла, ба нақбҳои гуногуни зеризаминӣ ворид шуда, бо корҳои сохтмонӣ дар нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L, ҷараёни корҳои васлу насби марҳилаи 3-юми хати конвеерӣ дар дохили нақби КТ-9 шинос шуданд. Ҳамчунин шахсан бо ҷараёни корҳо дар дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати чорум дар корхонаи сангу шағалбарорӣ, майдони назоратии иншооти обқабулкунакҳои доимии Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки дар сатҳи 1300 метр аз сатҳи баҳр бунёд мешавад, шинос шуданд, ба майдончаи назоратии «Сойи оби шӯр»-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафта, бо лоиҳа ва ҷараёни корҳо дар қисмати ҳавоии хати конвейерӣ шинос шуданд. Шинос шудан бо ҳар иншооти сохтмон, суҳбат бо коргарони сохтмон, анҷом додани мулоқоти корӣ бо шарикони хориҷӣ, бешак, гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷрои азми қатъии худ, яъне ба анҷом расонидани сохтмони миллӣ — Неругоҳи барқи обии «Роғун» устуворона истодаанд.
Тавре ки зимни суханронии Президенти Тоҷикистон бо коргарони сохтмон таъкид гардид, аз оғози соли равон барои пардохти корҳои сохтмону васлгарӣ дар иншоот, лоиҳакашиву таҳқиқотӣ ва ҷустуҷӯӣ, хариди таҷҳизот, молу масолеҳи сохтмон ва хизматрасонӣ аз ҳисоби буҷет 2,6 миллиард сомонӣ, аз ҳисоби фурӯши барқи истеҳсолнамудаи неругоҳи «Роғун» 427 миллион сомонӣ, дар маҷмуъ зиёда аз 3 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Ҳоло дар иншооти неругоҳ 14 ҳазору 164 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият доранд.
Ёддовар шудан бамаврид аст, ки чархаи нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун» 16 ноябри соли 2018 ва чархаи дуюми он 9 сентябри соли 2019 бо ҳузури Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудаанд.
А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд






