ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар ноҳияи Шоҳмансур зиёда аз 2 миллион дона гул шинонида шуд

Август 10, 2023 17:43

ДУШАНБЕ, 10.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе ва бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва ниҳолшинонию сабзазоркунӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 65 ҳазору 288 бех дарахтони ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуданд.  Дар ин хусус 9 август зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Абдусаттор Ҷабборӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ҳамзамон  дар ин давра  2 миллиону 276 ҳазору 304 дона гулҳои мавсимӣ, 439 ҳазору 132 қаламча, 853 ҳазору 472 дона гули садбарг, 858 ҳазору 688 дона гули лола шинонида ва дар масоҳати зиёда аз 18 ҳазору 869 метри мураббаъ сабзазор ташкил шуд.

Тибқи ҷадвали баргузории ҳашарҳои умумишаҳрӣ, дар ҳудуди ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 32 маротиба ҳашари дастҷамона, 16 маротиба ташаббуси тозагии «Маҳал», 8 маротиба ташаббуси тозагии «Соҳил», 6 маротиба ташаббуси тозагии «Шоҳроҳ» гузаронида шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 10, 2023 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад