ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ғолиби чемпионати CAFA-2023 шуд
ДУШАНБЕ, 28.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA-2023) байни бозингарони то 17-сола гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мусобиқа, ки аз 21 то 27 август дар Ҳисор баргузор шуд, панҷ дастаи мунтахаби наврасон – Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Афғонистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Дастаи наврасони Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2023 чаҳор бозӣ анҷом дода, 9 имтиёз ба даст овард. Наврасони мо бар дастаҳои Афғонистон (3:1), Қирғизистон (4:1) ва Узбекистон (2:0) ғалаба намуда, аз дастаи мунтахаби Эрон (0:1) мағлуб шуданд.
Дастаи мунтахаби Узбекистон низ 9 имтиёз ба даст овард, аммо ба далели пирӯзӣ дар вохӯрии байниҳамӣ наврасони Тоҷикистон соҳиби медалҳои тилло гардиданд. Дастаи Узбекистон медали нуқра ва тими Афғонистон (6 имтиёз) медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар натиҷаи ин мусобиқа ҷоизаи «Fair Play» ба дастаи Тоҷикистон ва ҷоизаи махсус ба тими Эрон супурда шуд. Беҳтарин нишонзани мусобиқот бозингари дастаи мунтахаби Узбекистон Нурбек Сарсенбоев (3 гол) гардид. Ҳамлагари дастаи миллии Тоҷикистон Муҳаммад Назриев боманфиаттарин бозингари чемпионати CAFA-2023 эътироф шуд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






