Хатлон: Ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ авлавият дода мешавад

Август 19, 2023 09:59

ДУШАНБЕ, 19.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 август таҳти раёсати Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи 17-уми Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар кори ҷаласаи Шӯрои машваратӣ намояндагони мақомотҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои масъули иқтисодӣ, соҳибкорону сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи Шӯрои машварати 4 масъалаи муҳим – низомномаи Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар таҳрири нав ва ҳайати аъзоёни нави Шӯро, ҳисобот оид ба иҷрои Протоколи Шӯрои соҳибкорию сармоягузории назди раиси вилояти Хатлон ва натиҷаҳои он, масъалаҳои рушди соҳибкорӣ байни  занону ҷавонон ва имконияти таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор дар вилояти Хатлон, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни баргузории Шӯрои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ иброз доштанд, ки дар вилоят то ин давра 16 Шӯро баргузор гардида, дар он масъалаҳои муҳим вобаста самти беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ шудаанд. Шӯрои машваратӣ майдони муҳимтарини гуфтугӯи байни давлат ва бахши хусусӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин, илова намуд, ки мо бояд ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ дар вилоят таваҷҷуҳ намоем, зеро таъсири мусбати он барои пешрафти тамоми соҳаҳо, ғанигардонии буҷети давлат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши даромади сокинонмебошад.

Дар ҷаласаи Шӯро гуфта шуд, ки бояд сатҳи муколамаи бахши хусусӣ ва давлатиро дар сатҳи баланд ташкил шавад, то фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилоят беҳтар гардад.

Роҳбарияти вилоят вобаста ба баргузории ҷаласаи 17-уми Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва нақшаи кории котиботи шӯро, беҳтар кардани сатҳи муколамаи бахши хусусӣ бо сектори иқтисодии давлатӣ изҳори назар намуда, ба роҳбарони ташиклоту муассисаҳои вилоят, аъзоён ва котиботи Шӯро тавсияҳои судманд пешниҳод намуд.

АКС: Рӯзномаи «Хатлон»

Август 19, 2023 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд