ИММУНИЗАТСИЯ ВА МОҲИЯТИ ОН. Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Турсунзода бо сокинон мулоқот доир намуд
ДУШАНБЕ, 17.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Батоши Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода бо иштироки раисони маҳалла, намояндагони ҳуҷраҳои тарзи ҳаёти солим аз марказҳои саломатии деҳавӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ, фаъолон ва аҳолии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода оид ба иммунизатсия ва моҳияти он барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, бемориҳои сурхча ва гулафшон вохӯрию суҳбатҳои судманд баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.
Дар вохӯрии мазкур директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Турсунзода дар бораи бемории сурхча ва гулафшон маълумот дода, бо иммунизатсия фаро гирифтани аҳолӣ бар зидди бемории сурхча, гулафшон ва дигар бемориҳои сироятиро шарт ва зарур шуморид.
Ҳамаи иштироккунандагони вохӯрӣ даъват шуданд, ки дар гузаронидани Рӯзҳои имммунизатсияи иловагӣ фаъол бошанд.
Ҳамзамон аз тарафи кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Турсунзода дар якҷоягӣ бо кормандони Шабакаи КАТС, Маркази иммунопрофилактика, Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода дар байни аҳолии Ҷамоати деҳоти Пахтаобод корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дошта, бо иммунизатсия фаро гирифтани аҳолӣ бар зидди бемории сурхча, гулафшон ва дигар бемориҳои сироятӣ ба мардум фаҳмонида мешавад.
Инчунин идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни кормандони Ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 1-и Ҷамоати деҳоти Пахтаобод гузаронида шуданд.
Гуфта шуд, ки бо иммунизатсия фаро гирифтани аҳолӣ бар зидди бемории сурхча, гулафшон ва дигар бемориҳои сироятӣ шарт ва зарур буда, бо ёрии иммунизатсия мо метавонем бемориҳои сироятшавандаро сари вақт маҳв созем.
Тазаккур дода шуд, ки дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз 21 август то 16 сентябр барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятии сурхча ва гулафшон дар байни кӯдакони аз 6-моҳа то 15-сола дар ду марҳила Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ гузаронида мешавад.
Дар робита ба ин зимни вохӯриҳо сокинону иштироккунандагон даъват шуданд, ки дар гузаронидани ин рӯзҳо фаъол бошанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд






