Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Август 31, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 31.08.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии ҷумҳурӣ, ба истиснои вилояти Хатлон ва шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани зуҳуроти сел боқӣ мемонад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар робита ба он Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки рӯзҳои наздик аз сафар ба ноҳияҳои кӯҳӣ, рафтан ба минтақаҳои хатарнок, шикор, моҳидорӣ, ҷамъоварии алаф дар ноҳияҳои кӯҳӣ, чаронидани чорво худдорӣ намуда, эҳтиётро аз даст надиҳанд.

Имрўз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйиёбанда   шуда, дар баъзе ноҳияҳои вилоят борони кӯтоҳмуддат ба амал омада, дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15 дараҷа, дар баъзе ноҳияҳо то 18-20 дараҷа, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар  баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа гарм, рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ва саҳаргоҳон борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал омада, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17-22 дараҷа гарм, рӯзона 30-35 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 15-20 дараҷа гарм, рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 дараҷа гарм, рӯзона 29-34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 19-21 дараҷа гарм, рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.

Август 31, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар 43 сардхонаи шаҳри Ҳисор беш аз 10 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда мешавад
Муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Суғд ба фасли зимистон омода мебошанд
Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои ИДМ оғоз гардид
ZET-MOBILE иқдоми навро оғоз кард: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОМОР. Тавассути омори расмӣ равандҳои муҳими иҷтимоӣ таҳлилу баррасӣ карда мешаванд
Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо дар 83- солагӣ аз дунё даргузашт
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дмитрий Семёнов: «Синамоҷашнвораи байналмилалии «Тоҷи Сомон» фазои ҳамкории байналмилалӣ фароҳам овард»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида ба Иди Меҳргон ҳамоиш баргузор карда шуд