Имрўз аз барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 12 сол сипарӣ гашт

Август 30, 2023 12:21

ДУШАНБЕ, 30.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 12 сол қабл, 30 августи соли 2011 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, ки яке баландтаринҳо дар ҷаҳон аст, парафшон гардид. Имрўз майдони атрофи Парчами давлатии Тоҷикистон бо ҳавзҳо ва гулу гулгаштҳои зебою дилнишин ба мавзеи писандида, сайру тамошо ва истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт ва сайёҳони хориҷӣ табдил ёфтааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани иншооти мазкур (30 августи соли 2011) иброз доштанд, ки «ифтитоҳи ин муҷассамаи нангу номуси миллӣ дар арафаи иди бошукўҳи 20 – солагии истиқлолияти мамлакатамон барои мардуми шарафманди Тоҷикистон тўҳфаи арзишманду гаронбаҳо маҳсуб мешавад. Парчами давлатӣ ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруд ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд».

«Итминон дорам, ки баробари ворид шудан ба ин мавзеъ эҳсоси ватандўстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги мардуми шарафманди тоҷик боз ҳам бештар гардида, онҳо минбаъд низ дар зери Парчами миллӣ муттаҳид мешаванд ва бо муҳаббату садоқат ба Ватан барои ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ саъю талоши бештар мекунанд. Ҳамчунин ба ҳар як фарди бонангу номус ва ватандўсту ватанпарвар муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки аз Парчами миллии худ ифтихор кунанд, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлоли Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оранд, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон ҳамеша талқин намоянд»,- таъкид намуданд Президенти мамлакат дар ин суханронӣ.

Бояд тазаккур дод, ки Парчами давлатии Тоҷикистон бо чунин бузургию ҳашамат, ки назираш дар дунё нест, бори нахуст дар паҳлўи чапи Қасри миллат таҳти ҳамовозии Суруди миллии Тоҷикистон бо иштирок ва дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Парлумону ҳукумати мамлакат ва сокинону меҳмонони бешумори пойтахт – шаҳри Душанбеи нозанин ба баландии рекордӣ дар ҷаҳон – 165 метр бардошта шуд.

Баландии худи парчам 30 метр ва дарозӣ ё паҳноияш 60 метр мебошад. Пояи Парчами давлатӣ бо чунин баландӣ аз ҷониби бинокорони корхонаи Алюминсохтмон ва ширкати байналмилалии Трайдент Саппот бунёд ёфтааст.

Бояд гуфт, ки дар паҳлўи рости Қасри миллат Нишони давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт, ки баландии он бо зерпояаш 45 метр мебошад. Парчами боҳашамати давлатии Тоҷикистон бо Нишони давлатӣ дар арафаи ҷашни 20 — солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ду паҳлўи Қасри миллат қомат афрохта, ба маҷмааи биноҳои маъмурӣ ва фарҳангии мамлакат дар маркази пойтахт ҳусну намои тоза бахшидаанд.

Бояд таъкид намуд, ки ба маҷмааи биноҳои маъмурию фарҳангӣ дар маркази шаҳри Душанбе Қасри миллат, пайкараи Исмоили Сомонӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Театри миллии Тоҷикистон, биноҳои нави Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанг, Боғи устод Рўдакӣ ва Боғи марказӣ бо ҳавзи бузург ва гулгаштҳои зебою дилнишинашон шомил мегарданд ва ин ҷо ба беҳтарин мавзеи истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе табдил ёфтааст.

Дар Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олӣ тасдиқ карда шудааст, чунин омадааст: «Парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати мамлакат, судҳои ҷумҳурӣ, мақомоти прокуратура, Бонки миллӣ, Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсӣ, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, қисмҳои ҳарбӣ, гузаргоҳҳо, дидбонҳо, нуқтаҳои гумрукии сарҳади давлатии Тоҷикистон насб карда мешавад».

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Август 30, 2023 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд