ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар Кушониён дар майдони 120 гектар кишти чигити австралӣ ба роҳ монда шудааст
ДУШАНБЕ, 23.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самараноку оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ ва аз он гирифтани ду-се ҳосил Раиси вилояти Хатлон дар маъракаи оғози ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҶДММ иттиҳодияи аграрии «Водии Заррин»-и Ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол”-и ноҳияи Кушониён иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Роҳбарияти вилоят, масъулин ва саҳмдорони хоҷагӣ ба ҷамъоварии ҳосили пахта шуруъ карда, аз ҳосили фаровон ва заҳмати хоҷагидорон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҶДММ иттиҳодияи аграрии «Водии Заррин» дар майдони 120 гектар кишти чигити австралиро ба роҳ мондааст, ки ин навъи пахта ба обу хоки ин минтақа мутобиқ мебошад.
Хоҷагидорону кишоварзони ноҳияи Кушониён имсол аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода бурда, дар самти кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ, сабзавоткорӣ ва дигар намудҳои он ба муваффақияти назаррас ноил гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта фоизи ҳосилнокӣ баланд мебошад.
Раиси вилоят ҳамчунин бо намоиши маҳсулоти кишоварзони ноҳия шинос шуда, вобаста ба ҷамъоварии ҳосил ва кишти такрорӣ дар заминҳои корами ноҳия бо масъулини соҳа суҳбат намуд. Гуфта шуд, ки кишоварзони ноҳия имсол дар майдони 10 ҳазору 844 гектар кишт гузаронидаанд, ки ин рақам нисбат ба нақшаи пешбинишуда 24 гектар зиёд мебошад ва аз мувафақияти кишоварзони ноҳия дарак медиҳад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд






