«КӮДАКОН ҲАСТИИ МОЯНД». Дар Душанбе дар самти ба камол расонидани кӯдакон машварат гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 19.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи табибон ва таҷлили ҷашни 32 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Кӯдакон ҳастии моянд» дар самти ба камол расонидани кӯдакон машварати иттилоотӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Дар он роҳбарияти Кумита, сардори шуъбаи ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон ва рушди малакаи волидайни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин волонтёрони Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат», масъулин ва ҷавонони касбу кори гуногуни ноҳияҳои шаҳри Душнабе иштирок намуданд.
Мақсади машварати мазкур аз дуруст ва солим ба камол расонидани кӯдакон, таҳкими солимии сокинон, хосса наврасону ҷавонон, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии ҳар гуна амалҳои зишту ношоям иборат буд.
Минбаъд низ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш чунин чорабиниҳо дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






