Кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ ба ҳукумат ва идораҳои давлатӣ беш аз 161 гузориши таҳлилӣ ва иттилоотӣ пешниҳод намуданд
ДУШАНБЕ, 05.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 161 гузориши таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 1691 саҳифа, ки фарогири масъалаҳои гуногун мебошанд, пешниҳод намуд. Дар ин хусус 4 август зимни нишасти матбуотии ин марказ иттилоъ дода шуд.
Иброз гардид, ки дар ин давра ҳамзамон 78 маводи пешниҳоднамудаи вазорату идораҳо мавриди таҳлили коршиносӣ қарор гирифта, инчунин коршиносони Марказ ба маводи дархостии дигар ниҳодҳои давлатӣ 70 хулосаи коршиносӣ пешниҳод намуданд.
Гуфта шуд, ки таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ ҷузъи муҳими фаъолияти кормандони марказ маҳсуб шуда, дар доираи баргузории корҳои илмию таҳқиқотӣ кормандони марказ пешниҳодҳо, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилиро мунтазам омода ва ба ниҳодҳои дахлдор ирсол карда мешавад.
Инчунин кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба ҳайати комиссияҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории вазорату идораҳои давлатӣ шомил гардида, дар таҳия ва татбиқи стратегию барномаҳои мушаххаси соҳавӣ саҳм мегузоранд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






