Кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ ба ҳукумат ва идораҳои давлатӣ беш аз 161 гузориши таҳлилӣ ва иттилоотӣ пешниҳод намуданд

Август 5, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 05.08.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли равон  ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 161 гузориши таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 1691 саҳифа, ки фарогири масъалаҳои гуногун мебошанд, пешниҳод намуд. Дар ин хусус 4 август зимни нишасти матбуотии ин марказ иттилоъ дода шуд.

Иброз гардид, ки дар ин давра ҳамзамон 78 маводи пешниҳоднамудаи вазорату идораҳо мавриди таҳлили коршиносӣ қарор гирифта, инчунин коршиносони Марказ ба маводи дархостии дигар ниҳодҳои давлатӣ  70  хулосаи коршиносӣ пешниҳод намуданд.

Гуфта шуд, ки таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ ҷузъи муҳими фаъолияти кормандони марказ маҳсуб шуда, дар доираи баргузории корҳои илмию таҳқиқотӣ кормандони марказ пешниҳодҳо, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилиро мунтазам омода ва  ба ниҳодҳои дахлдор ирсол карда мешавад.

Инчунин кормандони Маркази  тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  пайваста ба ҳайати комиссияҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории вазорату идораҳои давлатӣ  шомил гардида, дар таҳия ва татбиқи стратегию барномаҳои мушаххаси соҳавӣ саҳм мегузоранд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 5, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид