Лоиҳаи беҳтарсозии вазъи обрасонӣ дар Конибодом самаранок татбиқ мешавад
ДУШАНБЕ, 07.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом ҷараёни татбиқи лоиҳаи беҳтарсозии вазъи обрасонӣ мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти вилояти Суғд қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар доираи амалишавии «Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Конибодом барои солҳои 2021-2025» ва бо мақсади таъмини заминҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти ба номи Р.Ҳамробоев бо оби полезӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 000 метр қубурҳои оҳанини қутрашон 530 мм ҷудо шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Зимни шиносоӣ ба роҳбари вилоят маълумот дода шуд, ки дар доираи корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ то имрӯз зиёда аз 9000 метр қубурҳо хобонида шудаанд.
Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр ҷиҳати анҷоми босифати корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар идома роҳбари вилоят аз майдони пахтазори чанд хоҷагии кишоварзӣ боздид намуда, бо деҳқонон суҳбат намуд.
Таъкид гардид, ки бояд ҳар порча замин самаранок истифода шуда, дар заминҳои холимонда кишти такрорӣ гузаронида шавад.
Тибқи маълумоти расида, аз ҷониби кишоварзони шаҳр то имрӯз дар 2736,9 га кишти такрорӣ гузаронида шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст






