МАРОТИБАИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Табибони тоҷик гузоштани адасаи дохилии чашм-истеҳсоли чашми сунъии сулбиявии девораш тунукро муваффақона анҷом доданд

Август 9, 2023 14:03

ДУШАНБЕ, 09.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Табибони тоҷик бори аввал  гузоштани адасаи дохилии чашм- истеҳсоли чашми сунъии сулбиявии девораш тунукро муваффақона анҷом доданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар шаш моҳи аввали соли равон дар муассисаҳои тандурустии мамлакат буриши метаболикии меъда, гастропексияи эндоскопӣ, дар самти пайвандсозӣ (гирифтани вариди гунодалии донорҳои гурда барои истифода ҳамчун графт, нефроэктомияи лапароскопӣ, барои гирифтани ҳуҷайраҳои бунёдӣ (аз хуни периферӣ), усули нави ташхис ва табобати малформатсияи шараёнӣ-варидии лаб, лифтинги эндоскопии пешонӣ амалӣ шуд.

«Навгонии дигар- ин ҷорӣ намудани ташхиси сили ниҳонӣ, гузоштани стент ба ковокии трахея ҳангоми тангшавӣ, тоза намудани гранулясияҳои дохили трахея бо усули эндоскопӣ бо барқарорсозии ковокии трахея, гузаронидани ҷарроҳии трахеопластика ва гузоштани клапани эндоброхиалӣ мебошад, ки онро табибон бо маҳорати баланд анҷом доданд»,-гуфт Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш фаъолият дар самти мазкур идома ёфта, дар 124 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст, аз ҷумла дар 88 нафар дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» ва дар 6 нафар  дар Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара» ҷарроҳии пайвандсозии гурда, дар 30 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар анҷом дода шудааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 9, 2023 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд