Муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба соли нави хониш пурра омода мебошанд
ДУШАНБЕ, 26.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки имрӯз дар Боғи «Низомиддин Алишери Навоӣ» пойтахт баргузор гардид, аҳли маорифи ноҳия фаъолона иштирок намуда, дастовардҳои худро муваффақона муаррифӣ карданд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз фурсати муносиб истифода бурда, бо сардори бахши маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, омӯзгори соҳибтаҷриба Шамсиддин Нуров дар бораи омодагии соҳа ба соли нави хониш суҳбат намуд.
Номбурда изҳор кард, ки тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия ба соли нави хониш пурра омода шудаанд.
«Дар ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 63 муассисаи таълимӣ, 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият доранд ва роҳбарону омӯзгорони ин муассисаҳо барои пешвоз гирифтани соли нави таҳсил, баргузор намудани Рӯзи Дониш омодагии ҷиддӣ гирифтаанд, — гуфт ӯ ва илова каврд, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 57-и ноҳия имсол 4 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуд.
«Ҳамчунин соли оянда, дар арафаи соли хониши 2024-2025 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 18-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сохтмони 7 синфхонаи иловагӣ ва 7 синфхонаи иловагии дигар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 35-и ноҳия ба нақша гирифта шудааст. Корҳо дар ин самт аллакай оғоз ёфтанд»,-тазаккур дод ҳамсуҳбати мо.
Шамсиддин Нуров иттилоъ дод, ки намояндагони бахши маорифи ноҳия дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок карда, ба даври навбатӣ роҳхат гирифтанд. Аз ҷумла, муаллимаи муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 12 Суман Қосимзода ва шогирди ҳамин мактаб Нозия Тағойзода ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳ ёфтанд.
Акрам Сангзода
АМИТ «Ховар»
АКС:АМИТ «Ховар»








Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд






