Муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба варзишгарони тоҷик дар Беларус муваффақият таманно намуд
ДУШАНБЕ, 07.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои II Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад,- гуфт муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар Минск.
«Варзиш ба муттаҳид намудани давлатҳо нигаронида шудааст. Мо аллакай дар ин бозиҳо 3 медалро соҳиб гаштем. Варзишгарони мо ба бозиҳои нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Ин худ аллакай кафолат барои ишғоли ҷойҳои намоён аст. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки на кам аз панҷ медал ба даст хоҳем овард. Мо ба натиҷаҳои хуб умед дорем»,-гуфт Матлубахон Сатториён.
Тавре муовини Сарвазири Тоҷикистон хабар дод, имрӯз дар мамлакат футбол, каратэ, гӯштин, волейбол, баскетбол, ҷудо ва дигар намудҳои варзиш рушд меёбанд ва варзишгарони мо қариб дар ҳамаи мусобиқаҳои варзишии дохил ва берун аз он фаъолона ширкат меварзанд. «Тоҷикистон барои баргузории ҳама гуна мусобиқаҳо омода аст ва барои гузаронидани бозиҳои варзишӣ тамоми имконият дар мамлакатамон мавҷуд мебошанд»,-илова намуд мусоҳиб.
Ҳамчунин муовини Сарвазири Тоҷикистон бо хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ суҳбат намуда, ба хабарнигорон дар бораи таассуроти худ аз маросими кушодашавии Бозиҳои II Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск, баргузории мусобиқаҳо ва ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон ва Беларус дар тамоми соҳаҳо ибрози андеша намуд.
Лайло ТОИРӢ,
Елена БАТЕНКОВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






