НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ. Ноҳияи Вахш маҳсулоти кишоварзиро бо нархи дастрас пешкаши сокинони Душанбе намуд

Август 7, 2023 08:37

ДУШАНБЕ, 07.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 6 август дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангиву фароғатии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон баргузор шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар»

Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони ноҳия ба сокинону меҳмонони пойтахт картошка, пиёз, сабзӣ, карам, помидор, бодиринг, себ, ангур, шафтолу, зардору, харбуза, тарбуз, биринҷ, гӯшти гов, меваи хушк, лӯбиёгиҳо ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзон пешниҳод гардиданд.

Сардори бахши кишварзии ноҳияи Вахш Қаюм Олимов дар суҳбат бо мо иброз намуд, ки «ноҳияи Вахш  яке аз минтақаҳои кишоварзию саноатии ҷумҳурӣ аст. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш пахтакорӣ, махсусан, пахтаи навъи маҳиннах буда, дар он боғдорӣ, чорводорӣ ва пиллапарварӣ ҳам ривоҷ ёфтааст. Аз ин рӯ, меҳнаткашон ва деҳқонону сокинони ноҳия он маҳсулотеро, ки дар заминҳои хоҷагии халқ ва  ёрирасони шахсии шаҳрвандон истеҳсол шудааст, бо қадри имкон ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе пешниҳод намуданд.

Мо аз ин иқдоми Ҳукумати мамлакат хеле шод ҳастем, зеро аксарияти деҳқононе, ки дар деҳотҷой буданд, тӯли як шабонарӯз бо одоби шаҳрнишинӣ ва зебоиҳои пойтахт аз наздик шинос шуданд».

 

Дар намоиш-фурӯш нархи маҳсулоте, ки пешниҳоди сокинони пойтахт шуд, нисбат ба бозор 2 – 3 маротиба арзонтар мебошад.

Ногуфта намонад, ки ноҳияи Вахш дар баробари намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бегоҳии рӯзи якшанбе, аз соати 17:00 то 20:00 намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғи мазкур баргузор намуд.

Дар робита ба ин мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии ноҳияи Вахш Тоҷинисо Расулова гуфт, ки ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд рушд ёфтаанд.

Занони  ноҳия бо иродаи қавӣ аз тамоми ҳунарҳои фарҳанги миллати тоҷик самаранок истифода бурда, дар тарбияи насли наврас ба фарзандони хеш касбу ҳунар омӯзонида истодаанд. “Ҳамин фарҳанги миллӣ аст, ки имрӯз тамоми чорабиниҳоро нақшу нигори халқи тоҷик ва ҳунари дастии занони моҳир зебу зиннат мебахшанд. Мо аз он фахр дорем, ки Президенти мамлакат ба ҳүнарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва он ҳунарҳое, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, аз нав эҳё гардиданд. Дар оянда кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки насли наврасро аз тамоми фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ огоҳӣ намуда, ин мероси ниёгонро то абад поянда нигоҳ дорем».

Директори  китобхонаи марказии ноҳияи Вахш Марямбӣ Каримова изҳор дошт, ки дар баробари намоиш- фурӯши  маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ҳамзамон рӯзи фарҳангии ноҳия низ баргузор гардида, дар ин робита китобхонаи марказии ноҳия 50 номгӯй китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба намоиш гузошт. Ҳамзамон мо миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мерасонем, ки баҳри китобхон намудани ҷавонон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ба монанди «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ««Тоҷикон» дар оинаи таърих», «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ва ғайраҳоро дар мамлакат баргузор намуда истодаанд.

Инчунин дар тарафи  дигари намоиш-фурӯш гӯшаи сайёҳӣ ва мактабӣ ташкил гардида буд.

Тазаккур  бояд дод,  ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар

 

 

 

Август 7, 2023 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст