НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ. Ноҳияи Вахш маҳсулоти кишоварзиро бо нархи дастрас пешкаши сокинони Душанбе намуд
ДУШАНБЕ, 07.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 6 август дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангиву фароғатии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон баргузор шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар»
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони ноҳия ба сокинону меҳмонони пойтахт картошка, пиёз, сабзӣ, карам, помидор, бодиринг, себ, ангур, шафтолу, зардору, харбуза, тарбуз, биринҷ, гӯшти гов, меваи хушк, лӯбиёгиҳо ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзон пешниҳод гардиданд.
Сардори бахши кишварзии ноҳияи Вахш Қаюм Олимов дар суҳбат бо мо иброз намуд, ки «ноҳияи Вахш яке аз минтақаҳои кишоварзию саноатии ҷумҳурӣ аст. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш пахтакорӣ, махсусан, пахтаи навъи маҳиннах буда, дар он боғдорӣ, чорводорӣ ва пиллапарварӣ ҳам ривоҷ ёфтааст. Аз ин рӯ, меҳнаткашон ва деҳқонону сокинони ноҳия он маҳсулотеро, ки дар заминҳои хоҷагии халқ ва ёрирасони шахсии шаҳрвандон истеҳсол шудааст, бо қадри имкон ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе пешниҳод намуданд.
Мо аз ин иқдоми Ҳукумати мамлакат хеле шод ҳастем, зеро аксарияти деҳқононе, ки дар деҳотҷой буданд, тӯли як шабонарӯз бо одоби шаҳрнишинӣ ва зебоиҳои пойтахт аз наздик шинос шуданд».
Дар намоиш-фурӯш нархи маҳсулоте, ки пешниҳоди сокинони пойтахт шуд, нисбат ба бозор 2 – 3 маротиба арзонтар мебошад.
Ногуфта намонад, ки ноҳияи Вахш дар баробари намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бегоҳии рӯзи якшанбе, аз соати 17:00 то 20:00 намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғи мазкур баргузор намуд.
Дар робита ба ин мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии ноҳияи Вахш Тоҷинисо Расулова гуфт, ки ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд рушд ёфтаанд.
Занони ноҳия бо иродаи қавӣ аз тамоми ҳунарҳои фарҳанги миллати тоҷик самаранок истифода бурда, дар тарбияи насли наврас ба фарзандони хеш касбу ҳунар омӯзонида истодаанд. “Ҳамин фарҳанги миллӣ аст, ки имрӯз тамоми чорабиниҳоро нақшу нигори халқи тоҷик ва ҳунари дастии занони моҳир зебу зиннат мебахшанд. Мо аз он фахр дорем, ки Президенти мамлакат ба ҳүнарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва он ҳунарҳое, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, аз нав эҳё гардиданд. Дар оянда кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки насли наврасро аз тамоми фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ огоҳӣ намуда, ин мероси ниёгонро то абад поянда нигоҳ дорем».
Директори китобхонаи марказии ноҳияи Вахш Марямбӣ Каримова изҳор дошт, ки дар баробари намоиш- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ҳамзамон рӯзи фарҳангии ноҳия низ баргузор гардида, дар ин робита китобхонаи марказии ноҳия 50 номгӯй китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба намоиш гузошт. Ҳамзамон мо миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мерасонем, ки баҳри китобхон намудани ҷавонон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ба монанди «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ««Тоҷикон» дар оинаи таърих», «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ва ғайраҳоро дар мамлакат баргузор намуда истодаанд.
Инчунин дар тарафи дигари намоиш-фурӯш гӯшаи сайёҳӣ ва мактабӣ ташкил гардида буд.
Тазаккур бояд дод, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар

































13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






