NASA аз наздик шудани астероиди эҳтимол ба Замин хатарнок иттилоъ дод

Август 12, 2023 09:39

ДУШАНБЕ, 12.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Астероиди 6037 (1988 EG) 23 август ба масофаи тақрибан 6 миллион километр ба Замин наздик хоҳад шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус сомонаи Маркази омӯзиши объектҳои наздик ба Замини Идораи миллии аэронавтика ва таҳқиқи фазои кайҳонии ИМА (NASA) хабар додааст.

Ҷисмҳои кайҳоние, ки ба Замин камтар аз 7,5 миллион километр наздик мешаванд, эҳтимол хатарнок маҳсуб мешаванд. Астероиди 6037 23 август, соати 13:18 ба масофаи 6,1 миллион километр наздик хоҳад омад. Дар зимн он аз мадори Замин убур менамояд.

Қутри астероид аз 430 то 960 м, суръаташ 14,3 км/с-ро ташкил медиҳад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Steve Gribben / Johns Hopkins APL / NASA via AP, бойгонӣ

Август 12, 2023 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд
Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд
Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд
Дар шимоли Фаронса муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд
1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд
Манораи «афтанда» дар Италия аз сабаби хавфи зиёди фурӯравӣ баста шудааст
Шумораи ҳалокшудагон дар кони Костенкои Қазоқистон ба 16 нафар расид
Бар асари тӯфони Отис дар Мексика 27 нафар ҳалок шуд
Бар асари таркиш дар Афғонистон ду нафар ҳалок ва нуҳ нафар захмӣ шуданд