НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Амонатбонк» 167 ҳазор корти «Фарогир»-ро интишор ва ба филиалҳои бонк дастрас намуд
ДУШАНБЕ, 13.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Амонатбонк» аз интишор гардидани 167 ҳазор корти «Фарогир» (бе ному насаб) ва дастрас намудани онҳо ба филиалҳои бонк иттилоъ медиҳад. Тавре раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ 8 август дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ин иқдом ҷиҳати расонидани хизмати саривақтӣ ба мизоҷон амалӣ шуда, барои зиёд намудани мизоҷон, пешбурди самарабахши раванди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, хусусан ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббарорбаркунии ғайринақдӣ», ки 22 июни соли 2023 ба имзо расида буд, нақши муҳим гузошта истодааст.
Бо дахли муҳимияти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббарорбаркунии ғайринақдӣ» Сироҷиддин Икромӣ таъкид намуд, ки санади мазкур ба рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.
Таҷрибаи давлатҳои пешрафта аз он шаҳодат медиҳад, ки густариши низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз омилҳои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии мамлакат маҳсуб шуда, дар таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши муассир дорад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд






