НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз 96,9 млн сомонӣ қоидавайронкунии молиявии ошкоршуда 84,5 млн сомонӣ барқарор шуд

Август 12, 2023 15:28

ДУШАНБЕ, 13.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Зимни 72 чорабинии аудиторӣ, ки аз ҷониби Палатаи ҳисоб дар шаш моҳи соли 2023 дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ гузаронида шуд, ба маблағи 96 миллиону 900 ҳазор сомонӣ қоидавайронкуниҳои молиявӣ муайян гардид. Дар ин хусус 11 август зимни нишасти матбуотӣ Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода иттилоъ дод.

Аз ин ҳисоб хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 9 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 7 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 8 миллиону 100 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 6 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 31 миллиону 400 ҳазор сомонӣ, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷет 31 миллион сомонӣ, пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 529 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Қарахон Чиллазода афзуд, ки оид ба бартараф намудани камбудиҳои муайянгардида тадбирҳои мушаххас андешида шуда,  қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 84 миллиону 500 ҳазор сомонӣ барқарор шуданд, ки 87 фоизи маблағи умумиро ташкил медиҳанд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 12, 2023 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд