НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои пеш бурдани фаъолияти соҳибкории шаҳрвандони бекор қариб 5 миллион сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 13.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати пешбурди фаъолияти соҳибкории шаҳрвандони бекор дар шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 1355 нафар шаҳрвандони бекор қариб 5 миллион сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шуд. Чунин иттилоъ дод муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода 10 август зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 195 нафар шаҳрванди бекор 625,7 ҳазор сомонӣ, дар вилояти Суғд ба 460 нафар 1,6 миллион, дар вилояти Хатлон ба 299 нафар 1,3 миллион сомонӣ, дар шаҳри Душанбе ба 50 нафар 223,0 ҳазор сомонӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 351 нафар ба андозаи 1,2 миллион сомонӣ кумаки молиявӣ пардохт гардид.
Барои дастгирии соҳибкории занон ва ҷавонон ба 775 нафар занон ба андозаи 2 миллиону 844,3 ҳазор сомонӣ ва ба 508 нафар ҷавонон 1,9 миллион сомонӣ, инчунин ҷиҳати дастгирӣ ва эҳёи намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба 501 нафар шаҳрвандон ба андозаи 1,8 миллион сомонӣ кумаки молиявӣ пардохт гардид.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»






