НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Суғд 162 корхонаву коргоҳи нав бо 1146 ҷойи кор ба фаъолият шуруъ намуданд

Август 1, 2023 16:44

ДУШАНБЕ, 01.08.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Давоми 6 моҳ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 12 миллиарду 106,2 миллион сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 111,1 фоиз таъмин гардид. Ин нуктаро имрӯз, 1 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

 Ҳамзамон дар миқёси вилоят 162 корхонаву коргоҳи нав бо 1146 ҷойи кор ба фаъолият шуруъ намуданд.​

Дар раванди таъмини самтҳои афзалиятноки ҳуҷҷатҳои стратегӣ, бахусус Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тадбирҳои таъхирнопазир андешида, ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат ҳамаи захираву имконият ҷалб гардид. ​

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи ​ 4 миллиарду 201,3 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол  шуда, суръати афзоиш ​ нисбат ба ҳамин ​ давраи соли гузашта 115,0 фоиз таъмин гардид.​

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 1, 2023 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд