НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаш моҳ 10 патенту нахустпатент барои ихтироот ба даст оварданд

Август 7, 2023 14:56

ДУШАНБЕ, 07.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 аз тарафи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 10 патенту нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ба даст оварда шуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳо Фарҳод Раҳимӣ иттилоъ дод.

Зимни нишаст гуфта шуд, ки ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ 4 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот гирифта шуд.

Дар ин давра олимон аз рӯйи 113 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 17 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ фаъолиятро идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

 Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 7, 2023 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид