НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тибқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Тоҷикистон қариб 40 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин шуданд
ДУШАНБЕ, 10.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 76 175 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки 57 739 онҳо ҳамчун корҷӯй сабти ном шуда, ба 31 921 расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар маҷмуъ 38 726 нафар шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин гардид. Дар ин хусус имрӯз муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ҳамзамон мавсуф тазаккур дод, ки дар доираи амали Барномаи мазкур дар шаш моҳи соли равон 4428 нафар шаҳрвандони ба ҳимояи махсуси иҷтимоӣ ниёздошта бо ҷойи кори аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бандшуда (квота) бо кор таъмин гардиданд, ки ин 54,0 фоизи нақшаи солонаи барномаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли гузашта 9,8 фоиз зиёд мебошад.
Дар баробари ин гуфта шуд, ки давоми шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта ва мутобиқсозии онҳо ба бозори меҳнати дохили мамлакат корҳои муайян ба иҷро расида, аз 15403 нафар муҳоҷири меҳнатии ба Ватан бозгашта 5533 нафари онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Ҳамзамон 8811 нафар ба тайёрии касбӣ, 93 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб шуданд ва ба 72 нафар қарзи имтиёзнок барои соҳибкории инфиродӣ дода шуд, 843 нафар машварати касбӣ гирифт, 51 нафар ҳамчун бекор дар қайди мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии маҳали зист мебошанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






