ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Дар деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумъаеви шаҳри Турсунзода нуқтаи таъмини оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор гирифт

Август 7, 2023 14:19

ДУШАНБЕ, 07.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 5 август дар дар деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумъаеви ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо иштироки Раиси шаҳр нуқтаи таъмини оби нӯшокӣ  мавриди истифода қарор дода шуд,. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Зимни шиносоӣ бо ҷараёни ободониву бунёдкорӣ дар деҳоти мазкур Раиси шаҳри Турсунзода ба мардуми деҳот барои меҳнати содиқонаву софдилона изҳори сипос намуд.

Муроҷиати шаҳрвандони деҳот, ки бештар аз мусоидат ба ободиву созандагии маҳал, таъмири трансформатор, роҳҳои байнидеҳавӣ ва дигар шароит ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии сокинон иборат буд, аз ҷониби раиси шаҳр ҷонибдорӣ ёфта, барои ҳалли онҳо ваъдаи мусоидат дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Август 7, 2023 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар