Пагоҳ дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳрҳои Леваканту Норак ва ноҳияҳои Деваштичу Ванҷ доир мегардад

Август 18, 2023 15:41

ДУШАНБЕ, 18.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон доир мегардад. Намоиши шаҳрҳои Левакант ва Норак дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон», ноҳияи Деваштич дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ва ноҳияи Ванҷ дар Боғи Куруши Кабир баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзӣ.

Вақти баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 08:00 то 11:00 ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар шудааст.

Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони шаҳру ноҳияҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас пешниҳод мешавад.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳритус, Конибодом, Қубодиён, Турсунзода, Ҷайҳун, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳринав, Панҷ, Ашт, Нуробод, Кӯшониён, Мастчоҳ, Файзобод, Восеъ, Хуҷанд, Тоҷикобод, Ҷалолиддини Балхӣ, Бӯстон, Сангвор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Гулистон, Варзоб, Кӯлоб, Истаравшан, Роғун, Вахш, Истиқлол, Шуғнон, Ёвон, Зафаробод, Рӯшон ва Дӯстӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намуданд.

Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.

  АКС: АМИТ «Ховар»

Август 18, 2023 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» шуруъ аз моҳи март филмҳои нав ба навор мегирад
Дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ 12 бошгоҳ иштирок менамояд
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе Созишномаи генералӣ барои солҳои 2024-2026 ба имзо расонида шуд
Асарҳои пешниҳодшуда барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 муайян гардиданд
«МАРҲАБО БА ХАТЛОНИ БОСТОН!». Пагоҳ дар шаҳри Кӯлоб таҳти ин унвон форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор мешавад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонии бозори меҳнат тавсеа медиҳанд
Шаҳри Душанбе соли 2024 мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасону ҷавонон мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд