Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Қазоқистон боздид намуданд

Август 26, 2023 11:45

ДУШАНБЕ, 26.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев аз Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаву мувофиқаҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва  Қазоқистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев баргузор мегиранд.

Мавриди ба таъкид, ки Намоишгоҳ-ярмаркаи молу маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳрҳои калони ин кишвар — Остона, Алмаато ва Шимкент аз 26 то 28 август баргузор мегардад.

Барои доир намудани намоишгоҳ наздики 3 ҳазор тонна молу маҳсулот аз Тоҷикистон тавассути зиёда аз 60 мошини боркаш ба шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Чимкенти Қазоқистон интиқол дода шудаанд.

Дар намоишгоҳ-ярмаркаи Тоҷикистон дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Чимкенти Қазоқистон маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили полезиҳо, меваҷот, сабзавоти тару тоза, молҳои саноати хурокворӣ ба монандӣ нушокиҳои ташнашикан, машрубот, консерваҳо, маҳсулоти қаннодӣ, нассоҷӣ, қолинбофӣ ва ғайра пешниҳоди шаҳрвандони Қазоқистон мешаванд.

Инчунин, ҳунарҳои мардумӣ аз ҳама минтақаҳои мамлакат дар намоишгоҳ-ярмарка пешкаш мешавад.

Ҷиҳати муаррифии расму оини миллати тоҷик, нигораҳои миллӣ, катҳои бо нақшу нигори миллӣ кандакоришуда, либосҳои миллии занона ва мардона муаррифӣ мегарданд.

Ҳамзамон, дар се шаҳри калони Қазоқистон гушаҳои таомҳои миллӣ ташкил шудааст, ки дар онҳо аз тарафи ошпазҳо ва кадбонувон хӯрокҳои гуногун ва нонҳои ҳархела омода ва пешкашӣ сокинону меҳмонони чорабинӣ карда мешавад.

Илова бар ин, дар доираи намоишгоҳ ва ярмарка фурӯши молу маҳсулот, барои фароғати меҳмонон ва ҷиҳати муаррифии фарҳанги кишвар, барномаҳои консертӣ бо иштироки ҳунармандони тамоми минтақаҳои кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Майдони умумии намоишгоҳ-ярмарка дар шаҳри Остона 7 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин масоҳат 40 хаймаи барои намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ташкил гардидаст.

Дар шаҳри Алмаато дар масоҳати 1 гектар намоишгоҳи Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Дар ҳудуди майдони намоишгоҳ 10 адад хайма барои намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ сохта шудааст.

Масоҳати замини намоишгоҳи Тоҷикистон дар шаҳри Чимкент бошад, 1 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо 16 хайма барои маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта гардидааст.

Баргузории чорабиниҳо агар аз як ҷониб шиносоии фарҳангу маданияти бою қадимаи тоҷик ва муаррифии дастовардҳои миллати тамаддунофари тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолӣ бошад, аз дигар тараф омили муҳими таҳкими дӯстию бародарии мардумони Тоҷикистон ва Қазоқистон аст, ки бо ирода ва дастгирии бевоситаи Сарони ду давлат амалӣ мешавад.
Боздид аз Намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Қазоқистон 26.08.2023

Август 26, 2023 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносиро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зистро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулуро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои СҲИ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар