Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд

Август 9, 2023 10:39

ДУШАНБЕ, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қисмати ядрои сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд.

Ядрои сарбанд аз иншооти муҳими неругоҳ ба шумор рафта, корҳои сохтмониву васлгариро дар он мутахассисони ватанию хориҷӣ дар асоси нақша бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ иҷро мекунанд.

Дар ин қитъаи неругоҳ барои бунёди таҳкурсии ядро корҳои хобонидани бетони пуркунанда ва кӯбидашаванда, арматурбандӣ ва бетонхобонии галереяҳо дар марҳалаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Ҳаҷми лоиҳавии корҳои бетонӣ дар таҳкурсии ядрои сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун” 268,4 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. То имрӯз 240 ҳазор метри мукааб бетони пуркунанда ва кӯбидашуда хобонида шудааст, ки нишондиҳандаи умумии иҷрои корҳо ба 90 фоизи нақша баробар мебошад. Дарозии таҳкурсии асосӣ аз бетони кӯбида 172 метр, паҳноиаш 133 метр ва баландии он 23 метрро ташкил медиҳад.

Дар асоси лоиҳа дар минтақаи ядрои сарбанд корҳои тоза намудан, мустаҳкамсозиву бехатаргардонии соҳилҳои чапу рости паҳлуи кӯҳҳо иҷро гардида, мутахассисон дар ҳаҷми беш аз 2,7 миллион метри мукааб корҳои заминиро ба анҷом расонидаанд.

Дар таҳкурсии ядрои сарбанд аз ҷониби мутахассисону коргарон барои корҳои сементатсияи мустаҳкамкунанда 2615 чоҳ парма ва сементатсия шудааст. Дар умум аз рӯи лоиҳа дар ин мавзеъ 3014 адад чунин чоҳҳо ташкил мешаванд. Ҳоло дар ин самт 87 дарсади корҳо ба иҷро расидаанд.

Дар таҳкурсии ядрои сарбанд тибқи лоиҳа бо дарозии 350 метр галереяҳои сементатсионӣ, мушоҳидавӣ, заҳкашӣ ва дастрасӣ мавҷуд мебошанд, ки корҳо аллакай дар 300 метр иҷро гардидаанд.

Ҳамчунин тибқи лоиҳа дар қисмати болоии таҳкурсии ядрои сарбанд маводи зиддиполоишии асфалт бо паҳноии 1,2 метр ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт идома доранд. Хобонидану тахту ҳамвор намудан, зич кардани маводи зиддиполоишии асфалтро мутахассисон дар асоси назорати озмоишгоҳи марказии неругоҳ аз тарози 969 оғоз намуда, феълан корҳо дар сатҳи 974 ҷараён доранд.

Паҳноии ядро дар сатҳи 1300 ба 20 метр ва дар сатҳи 961 ба 172 метр баробар аст. Маводи истифодашуда дар ядрои сарбанди асосӣ гилхоки сангрезадор буда, тибқи лоиҳа 7,42 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.

Дар иншооти мазкур корҳои сохтмону васлгариро мутахассисону коргарони ширкати  “Вибилд”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва “Тревӣ” аз рӯи лоиҳаи “Грунер” пеш мебаранд.

Хобонидани мавод дар қисмати болоии сарбанд то имрӯз ба 1140 метр аз сатҳи баҳр расидааст. Барои кашондан ва қабат ба қабат хобонидани маводи сарбанд коргарону мутахассисон аз мошину таҷҳизоти муосири боркаш, булдозеру экскаватор ва дигар механизмҳои зарурӣ истифода мебаранд.

Аз ҳаҷми умумии 80 миллион метри мукааб сангу шағали пешбинигардида барои сарбанд то имрӯз ба андозаи 19 миллион метри мукааб мавод дар қабатҳои болоию поёнӣ хобонида шудааст, ки 23 фоизро дар бар мегирад.

Аз ҷумла, корҳои заминӣ 5,5 миллион метри мукааб, хобонидани сангу шағал 16,2 миллион метри мукааб, хобонидани санг 2,4 миллион метри мукааб ва хобонидани филтр 211,2 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Ҳоло оби обанбор дар нишонии 1070 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.

Андозаи болоии нигоҳдории об баъди обгирии пурраи обанбор 1 ҳазору 290 метр аз сатҳи баҳр хоҳад буд ва масоҳати обанбор ба 170 километри мураббаъ мерасад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи корҳои таркишию хокӣ ва пошидани маҳлулҳои бетонӣ дар минтақаи нишебии обқабулкунакҳои доимии Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз сатҳи 1152 метр то 1565 метр шинос шуданд.

Бо мақсади мустаҳкамсозии нишебии обқабулкунакҳои доимӣ корҳои сохтмониву анкергузорӣ дар чор мавзеъ, аз ҷумла “А”, “В”, “С” ва “D” аз рӯи нақша идома доранд.

Корҳои таркишию хокӣ ва пошидани маҳлулҳои бетонӣ дар минтақаи “А”  аз сатҳи 1504 то 1300 метр пурра иҷро гардида, насби лангарҳо (АЖГ) 65 фоизро ташкил медиҳад.

Дар минтақаи “В” аз сатҳи 1300 то 1152 метр корҳои таркишию хокӣ 83,5 фоиз, насби лангарҳо (АЖГ) 36 фоиз ва пошидани маҳлулҳои бетонӣ 41,6 фоиз ба анҷом расидаанд.

Дар асоси лоиҳа  корҳои таркишию хокӣ пурра ба итмом расида, насби лангарҳо (АЖГ) 53,8 фоиз, лангарҳои фишордор (ПНА) 51,4 фоиз, пошидани маҳлулҳои бетонӣ дар минтақаи “С”  аз сатҳи 1400 то 1150 метр 92,5 фоиз иҷро гардида, корҳои бетонӣ босуръат тибқи нақшаи корӣ идома доранд.

Дар минтақаи “D” корҳои таркишӣ ва хокӣ 90,3 фоиз, пошидани маҳлулҳои бетонӣ 21,2 фоиз иҷро гардида, корҳои васлу насби лангари “АЖГ” бо сифати баланд тибқи талаботи лоиҳа иҷро шуда истодаанд.

Фармоишгари сохтмон Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии Роғун” буда, корҳои паймонкориро коргарону мутахассисони филиали ҶСП “Туннел садди Ориёно” аз рӯи лоиҳаи ширкати швейтсарии “Эфри ЛТД” мувофиқи нақша анҷом медиҳанд.

Корҳои сохтмонию васлгарӣ дар нишебии обқабулкунакҳои доимии Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз сатҳи 1152 метр то 1565 дар асоси назорати пайваста бо ҷалби мутахассисони ватанию хориҷӣ аз рӯи нақшаи фармоишгар пеш мераванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии анҷомшуда ва лоиҳаи нишебии обқабулкунакҳои доимии Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба масъулон барои иҷрои босифати ҳадафҳо тибқи талаботи муқарраршуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун” 09.08.2023

Август 9, 2023 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Неругоҳи барқи обии «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа аст
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО-и «Роғун» созишномаи молиявӣ ба имзо расид
Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб дар татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО-и «Роғун» саҳм мегузорад
Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои маблағгузории сохтмони НБО «Роғун» дар ҳаҷми 350 миллион доллари ИМА қарори дахлдор қабул намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
«РОҒУН» — АРСА ВА КОРЗОРИ НАНГУ ОРИ МИЛЛӢ. Бунёди ин кохи бузурги асри XXI барои тоҷикон хеле муҳим мебошад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд